Январ 09, 2024 19:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон ду пойгоҳи низомии режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод
    Ҳизбуллоҳи Лубнон ду пойгоҳи низомии режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод

Ду пойгоҳи муҳими низомии артиши режими саҳюнистӣ ҳадафи ҳамлаи размандагони муқовимати Лубнон қарор гирифт.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнӣ Алминор ҷумбиши муқовимати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияӣ эълом кард неруҳои ин ҷумбиш пойгоҳи низомии Алминора ва Алмолкияи режими саҳюнистӣ дар шимоли фаластини ишғолиро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор доданд.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон омадааст: Дар ростои ҳимоят аз миллати устувори Фаластин дар борикаи Ғазза ва пуштибони аз муқовимати диловар ва қаҳрамонии он, муҷоҳидони муқовимати исломии Лубнон субҳи рузи сешанбе ду пойгоҳи режими саҳюнистиро ҳадаф қарор доданд.

Пойгоҳи низомии режими саҳюнистӣ

 

Барчасп