Январ 13, 2024 19:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости Толибон аз Эрон барои таъмини саломати мардуми Афғонистон

Сарпарасти вазорати беҳдошти ҳукумати Толибон дар Афғонистон бо тамҷид аз пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи беҳдошту дармон, тақвияти низоми омӯзиши дармонӣ ва саломати мардуми Афғонистон бо ҳамкории Ҷумҳурии Исломии Эронро хостор шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷӯди таҳрим ва фишорҳои сиёсии ҷаҳонӣ, бо иттикоъ ба нақши муҳими мардум бавижа ҷавонони нухба ва фаъол дар арсаҳои илмӣ ва пизишкӣ, мавонеъро канор зада ва ба дастовардҳои хубе расидааст.

Худкафоӣ дар ҳавзаи тавлиди доруҳои мавриди ниёз ва ҳамчунин сохт ва бумисози таҷҳизоти пизишкӣ ва ироаи равишҳои навин дар муқобила бо бемориҳо ва махсусани бемориҳои вогирдор, аз ҷумла иқдомоте аст, ки мӯҷиби пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи беҳдошту дармону омӯзиши пизишкӣ шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Қаландари Ибод, сарпарасти вазорати беҳдошти ҳукумати Толибон дар ҳошияи иҷлоси ҷаҳонии амнияти беҳдошт дар Исломобод бо ишора ба тавонмандиҳои Эрон дар ҳавзаи беҳдошт ва дармон гуфт, Афғонистон ниёзманди таҷрибиёти Эрон дар ҳавзаи беҳдошт аст.

Сарпарасти вазорати беҳдошти ҳукӯмати Толибон бо ишора ба сафари ахири худ ба Эрон барои ширкат дар нишасти Гурӯҳи 5, гуфт, пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаҳои мухталифи хадамотрасонӣ ба мардум, беҳдошти омма ва муқобила бо бемориҳои уфӯнӣ, фурсате муносиб барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Афғонистон бо Эрон аст.

Қаландари Ибод афзуд, ҳамкории муштараки Эрону Афғонистон бо дарки шароити мутақобил метавонад боиси эҷоди фурсати вижае дар беҳбуди саломати мардуми кишвари Афғонистон шавад, зеро саломату беҳдошти мардум аз ҳар сиёсате ба дур аст.

 

 

 

Барчасп