Феврал 22, 2024 10:36 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои амрикоӣ ва британияӣ ба Яман
    Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои амрикоӣ ва британияӣ ба Яман

Манобеи яманӣ аз ҳамлаи муҷаддади ҷангандаҳои амрикоӣ ва англисӣ ба « Алҳадидаи » Яман хабар доданд

Амрико ва  Британия дар ҳафтаҳои ахир чанд бор ба хоки Яман ҳамла кардаанд . Ин ҳамалот бо ҳадафи таҳти фишор қарор додани Яман ба манзури таваққуфи муҳосираи дарёии аъмол шуда бар режими саҳюнистӣ анҷом мешавад .

Ба гузориши шабакаи Алмасираҳ , манобеи яманӣ рӯзи чаҳоршанбе эълом карданд : Эътилофи мутаҷовизи амрикоӣ - британияӣ минтақа « Раъс Исо » воқеъ дар шаҳристон « Алсалиф » дар устон « Алҳадида » дар ғарби Яманро мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Бар асоси ин гузориш , ҷангандаҳои амрикоӣ - британияӣ 4 бор минтақаӣ « Раъс Исо »ро бомбборон кардаанд .

Ҳануз ҷузъиёти бештарӣ дар хусӯси зиёнҳои молӣ ва теъдоди кӯштаҳо ва захмиҳои эҳтимолии ин ҳамла мунташир нашудааст .

Ин дар ҳоле аст, ки каме пештар Созмони тиҷорати дарёии Британия бо судури баёнияе  аз вуқуъи инфиҷор ва як ҳодисаи дарёии ҷаддид дар ҷануби дарёии Сурх хабар дод.

Созмони тиҷорати дарёии Британия эълом кард : Гузоришҳои мабнӣ бар вуқӯъи инфиҷор дар ҷануби дарёии Сурх ва дар фосилаи 40 моилӣ аз ғарби Алҳдидаи Яман дарёфт шудааст .

Барчасп