Феврал 25, 2024 20:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ва бритониёӣ ба 8 минтақа аз Яман

Пентагон эълом кард, ҷангандаҳои амрикоӣ ва бритониёӣ бо пуштибонии 6 кишвари дигар шанбешаб ба 18 ҳадаф дар ҳашт минтақа дар Яман ҳамла карданд.

Ба гузориши ИРНА, Ллойд Остин, вазири дифои Амрико дар баёнияе таъйид кард, ки ҳамалоти Амрико ва Британия бо ҳимояти кишварҳои Австралия, Баҳрайн, Канада, Дания, Ҳоланд ва Зеландияи Нав анҷом шуд.

Кишварҳои Амрико ва Британия бо ҳимояти кишварҳои Австралия, Баҳрайн, Канада, Дания, Ҳоланд ва Зеландияи Нав ҳам дар баёнияи муштараке эълом карданд, дар ин иқдоми низомӣ ба таъсисоти зеризаминии анбори аслиҳа, таъсисоти анбори мӯшак, паҳподҳо, сомонаҳои дифои ҳавоӣ, радарҳо ва як болгард ҳамла шуд.

Расонаҳои маҳаллии Яман гузориш доданд, ки дар ин ҳамалот чанд минтақа дар шарқи Санъо ва ҳамчунин атрофи шаҳри Ал Ҳудайда ҳадаф қарор гирифтанд.

Бештар бихонед: 

Барчасп