Март 14, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Сайидҳасан Насруллоҳ бар ҳимоят аз мардуми Ғазза
    Таъкиди Сайидҳасан Насруллоҳ бар ҳимоят аз мардуми Ғазза

Сайидҳасан Насруллоҳ Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон зимни таъкид бар ҳимоят аз мардуми Ғазза , гуфт : Бояд бо дуо ва кумаки низомӣ ва молӣ аз мардуми Ғазза ҳимоят кард .

Ба гузориши Ирно , Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнони чаҳоршанбе шаб дар муҷтамаъи Сайида Зайнаб ( а) дар Ҳумаи ҷанӯби Бейрут

Гуфт : Пуштибонӣ аз Ғазза натанҳо бо кумаки низомӣ ва  молӣ сӯрат мегирад , балки дар ин рӯзҳо барои мардуми Ғазза дуо кунед .

Вай афзӯд : Дар ин рӯзҳо ки шоҳиди куштори дастаҷамъии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ва дар сояи сукут ҷаҳониён ҳастем , барои ёрии мардуми Ғазза дуо кунед. 

Насруллоҳ таъкӣд кард : Ҷиҳод , фарҳанги имонӣ - Қуръониро дар ишқ ба шаҳодат ва  васиятномаи ҷавонони ғаюри Фаластин таҷаллӣ ёфтааст .

Вай гуфт : Ёрирасонон ба Ғазза дар моҳи мубораки Рамазон бо қудрати бештар дар минтақа ҳозир хоҳанд буд .

Насруллоҳ дар поён ҳулӯли моҳи мубораки Рамазонро ба ҳамаи мусулмонон табрик гуфт .

Барчасп