Март 30, 2024 12:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бар ҳузури густурдаи мардум дар маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳузури густурдаи мардум дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудсро хостор шуд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (ра)-бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс ном‎гузорӣ шудааст.

 Ба гузориши ИРНА,Сайидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷумъашаб дар маросими эҳёи нахустин шаби Қадри моҳи Рамазон дар атрофи ҷанубии Бейрут, бо таъкид бар баргузории рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол тасреҳ кард: Ин рӯзҳо сокинони борикаи Ғазза аз як су шоҳиди анвоъи ҷиноёти ваҳшатноки режими саҳюнистӣ аз ҷумла куштор, гуруснагӣ, вайронии рӯзона, оворагӣ, тарс ва ғайра ҳастанд ва аз сӯи дигар дар майдони дигар, муборизони Муқовимат дар майдонҳои набард дар хоки Ғазза дар ҳоли муқовимат ва пойдорӣ дар баробари ишғолгарон ҳастанд.

Сайидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон

 Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо таъкид бар аҳамияти дуо ва ниёиш дар маросими вежаи эҳёи шабҳои Қадр дар моҳи мубораки Рамазон хитоб ба рӯзадорон гуфт, дар ҳама шароит ва чолишҳои зиндагӣ, дуо ва ниёиш ба даргоҳи Илоҳӣ аз заруриёт мусулмонон аст ва имрӯз низ дар шароити вежаи минтақа, беш аз пеш ба дуо ва розу ниёз бо даргоҳи Илоҳӣ ниёзманд аст.

 Сайидҳасан Насруллоҳ аз ҳама мусулмонон ва намозгузорон ва рӯзадорон дархост кард, барои мардуми Фаластин, Лубнон, Сурия, Ироқ ва Яман, ки дар маърази ҳамалоти мутаҷовизонаи режими саҳюнистӣ, шароити душвореро сипарӣ мекунанд, истиғоса ва дуо кунанд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бори дигар бо таъкид бар аҳамияти ҷойгоҳи шаҳодат ва дуо назди мусулмонон афзуд, дар хатти набарди зидди душман, заъф, сустӣ ва яъс ва намунаҳои ҳаммонанди он вуҷуд надорад.

 Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябр бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарӣ зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занон ва кӯдакони фаластинӣ тавассути мошини ҷангии ин режими номшруъ шудааст.

 Бинобари эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри гузашта то кунун наздик ба 33 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва 75 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд, ки бештари қурбониёни ин ҳамалот занону кӯдакон ҳастанд.

 

Барчасп