Март 28, 2024 18:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаҳои мушакии нави Лубнон ба мавзеъҳои режими саҳюнистӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон аз мавҷи нави ҳамлаҳои мушакӣ ба мавзеъҳои режими наслкуши Исроил хабар дод.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Алмаёдин", Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард, неруҳои муқовимат дар ҳимоят аз миллати Фаластин дар борикаи Ғазза, ҳудуди 20 мушак аз Лубнон ба самти минтақаи Алҷалили ғарбӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ шиллик карданд. Ин ҳамлаҳо дар посух ба ҳамалотирежими ишғолгар ба ҷануби Лубнон сурат гирифт.

 Бар асос ин гузориш, дар ҳамалоти охири режими наслкуши Исроил ба шаҳракҳои ҷануби Лубнон, 4 разманда, 2 имдодгар ва як ғайринизомӣ ба шаҳодат расиданд.

 Як рӯз пас аз таҷовузи режими ишғолгари саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023, Ҳизбуллоҳи Лубнон аввалин тараф дар меҳвари муқовамат буд, ки бо анҷоми ҳамалоте ба шимоли Фаластини ишғолӣ, расман ба амалиёти фаластинии Тӯфон-ул-Ақсо пайваст ва пас аз он марзҳои Лубнон ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин ба сурати рӯзона ва тақрибан 24 соата саҳнаи табодули оташ миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими наслкуши саҳюнистӣ шудааст. То кунун даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалоти муқовимат аз шаҳракҳои наздики марзҳои Лубнон хориҷ шудаанд.

 

Барчасп