Апрел 27, 2024 16:32 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил : Фаъолони ҷаҳонӣ , аз давлатҳои худ мутолиба кунед ! / Зарурати истодагӣ алайҳи назми таҳмилии амрикоӣ
    Таҳлил : Фаъолони ҷаҳонӣ , аз давлатҳои худ мутолиба кунед ! / Зарурати истодагӣ алайҳи назми таҳмилии амрикоӣ

Фишорҳои паёпаи Амрико ба кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Африқои ҷанӯбӣ , кишварҳои арабии шимоли Африқо , Ирландия , кишварҳои Амрикои Лотин , Эрон , Покистон , Туркия , Чин , Ироқ , Русия , Индонезия , Малайзия , Сурия , Яман ва шумори дигар бо ҳадафи сукут кардани онҳо дар баробари режими Исроил зарурати як эътилофсозии ҷаҳониро нишон медиҳад .

Аз онҷое ки императории Иёлоти Муттаҳида монеъи бузурге бар сари роҳи ҳуқуқ , озодӣ аст истеъморзудоӣ ва ҳокимияти фаластиниён ва ҳамчунин ҳокимияти қудратҳои миёнӣ аст , пас давлатҳои дигар ба вижа қудратҳои минтақаӣ ҳам вазифа доранд масирии амалиро барномарезӣ ва дунбол кунанд, ки бо ин мушкил муқобила кунад .

Бадеҳӣ аст ки беҳтарин масир рӯ ба ҷилав инаст ки кишварҳои саросари ҷаҳони камтар ба қудрати иқтисодии императории Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб вобаста шаванд . Агарчӣ талошҳое барои таҳаққуқи ин ҳадаф вуҷӯд дорад , монанди Брикс , аммо бо тағйири сохторҳои иқтисодии ҷаҳонӣ фосилаи зиёдӣ дорад .

Яке аз роҳҳои сариътар инаст ки вокуниши тунди Амрико ба кишварҳое, ки тамоми равобити дипломотик ва иқтисодӣ бо давлати Исроилро қатъ мекунанд , душвор шавад . Агар эътилофе аз қудратҳои миёнӣ ташкил шавад ва бо ҳам қатъи равобити худро бо Исроил эълом кунанд , таҳриму таҳдиди ҳамаи онҳо барои Иёлоти Муттаҳида душвортар хоҳад буд зеро анҷоми ин кор барои худ Иёлоти Муттаҳида бисёр пурҳазина хоҳад буд .

Чунин эътилофе метавонад бо кишварҳое монанди Африқои Ҷанӯбӣ , Эрон , Туркия , Бразилия , Кулумбия , Чиле , Миср , Марокаш , Испания , Норвегия , Ирландия ва ғайра шурӯъ шавад . Кишварҳое ки иддаои ҳеҷ гӯнаи равобити дипломотик ва иқтисодӣ бо Исроил надоранд , монанди Арабистони Саъудӣ , Индонезия , Малайзия , Покистон ва сойирин – низ ба эътилоф хоҳанд пайваст. Қудратҳои дигари низ метавонанд дар ҳангоми эҷоди ин ҳаракат ба ҳам бипайванданд ва фишорро афзоиш диҳанду ҳадаф қарор додани ҳамаи онҳоро барои Иёлоти Муттаҳидаро амалан ғайримумкин кунанд .

Ҳаракате метавонад эҷод шаваду кишварҳое монанди Канада , Австралия , Ниюзланд , Белгия ва сойирин ки дарк мекунанд ки ин иқдоми дурустӣ аст , аммо ё хеле буздил ҳастанд ё ба ин далел ки манофеи саронашон ва нақши онҳо дар иттиҳоди императории Иёлоти Муттаҳида мумкин аст таҳти фишор қарор гиранд низ эҳтимолан ва то ҳаддӣ ба он бипайвандад . Маслан дар таҳрими низомии Исроил ҳеҷ кадом аз ин масирҳо осон нахоҳад буд , аммо лозимаст , ва метавонад кор кунад . Лозимаст фаъолону кунишгарону нависандагон шурӯъ ба суҳбат дар мавриди манофеи давлати худ кунанд то онҳоро барои ташкили чунин эътилофӣ таҳти фишор қарор диҳанд .

Давлатҳо фақат бар асоси стратижии “ name ва shame ” ва муҳосиботи сиёсати интихоботӣ ҳаракат хоҳанд кард . Фаъолон , таҳлилгарони сиёсат ва муҳаққиқон метавонанд давлатҳои худро мутақоъид кунанд ки дунбол кардани ин масир сиёсатӣ ба нафъи онҳост. Ба чолиш кашидани императории Иёлоти Муттаҳида дар мавриди масаълаи Фаластин , пайомадҳои шигифти  барои эҷоди назми ҷаҳонии демократиктар хоҳад дошт .

Агарчӣ бархе аз кишварҳои зикр шуда дар боло муътақиданд ки бо нодида гирифтани вазъияти  мардуми Фаластин , метавонанд аз даргирӣ бо Амрико иҷтиноб кунанд , аммо ин ба ду далели як тафаккури кӯтоҳ муддатаст. Аввал инки ин далел ки онҳо метавонанд аз хашми Иёлоти Муттаҳида дар мавриди масаълаи Фаластин дарбимонанд ба ин маънӣ нест ки дар оянда дар мавриди мавзӯи дигарӣ бо он рӯбарӯ нахоҳанд шуд . Ҳаргиз ба нафъи қудратҳои миёнӣ нест ки зери табаъияти як абарқудрати бузург зиндагӣ кунанд . Ҳатто агар ба таври муваққат сӯдманд бошад , дар мақтаъе, баҳои барои ин табаъият вуҷӯд хоҳад дошт .

Ҳол иддае гуянд , чӣ ниёзӣ аст ки акнӯн ин назм ба чолиш кашида шавад ? Инҷост ки далели дувум ворид мешавад . Дар ҳоли ҳозири ҳаракати мардумӣ дар саросари ҷаҳон барои ба чолиш кашидан империализми Иёлоти Муттаҳида вуҷӯд дорад . Акнӯн замони  онаст ки аз фурсат истифода кунем , аз ин энержӣ истифода кунем ва онро ба самти назми ҷаҳонии демократик ҳидоят кунем ки дар воқеъ аз ҳуқуқу озодиҳои башар барои ҳама дифо мекунад .

Бисёр муҳимаст, ки аз ин лаҳза истифода кунему паёмӣ ба императории Иёлоти Муттаҳида ирсол кунем ки тиҷорати тибқи маъмӯл , ҷое ки тасаллути Иёлоти Муттаҳида ҷиҳатгириҳои иқтисодӣ , сиёсӣу ва  фарҳангии байналмилалиро таъйин мекунад , на имкон ҳамроҳӣ дорад ва на дигар таҳаммул мешавад . Императории Иёлоти Муттаҳида ё бояд тағйир кунад ва ё худаш мунзавӣ шавад . Вақте ба он марҳала расидем , ба поёни истеъмори шаҳракнишинони исроилӣ хоҳем расид . Мо аз ин масир ба поёни опортойд ва наслкушӣ , ду силоҳи маргбор дар зарродхонаи истиъмории шаҳракнишинони исроилӣ хоҳем расид .Ҳангоме, ки Исроил дар сатҳи ҷаҳонӣ мунзави шавад , маҷбур хоҳад шуд рафтори худро тағйир диҳад . Исроилиҳо чорае ҷузъ таваққуфи пружаи истиъмории шаҳракнишинони худ нахоҳанд дошт .

Чунин натиҷае на танҳо барои фаластиниҳо ва яҳудёни буми муфид хоҳад буд , балки як сигноли воқеӣ низ хоҳад буд мабнӣ бар инки императории Иёлоти Муттаҳида дигар он императории собиқ нест ва мардум аз саросари ҷаҳон , аз ҷумла амрикоеҳо , метавонанд шурӯъ ба сохтани як назми ҷаҳонии демократик кунанд ки дигари зери ангушти шасти як абарқудрат нест. Назми ҷаҳонии демократики шонси ҷангҳои бузург , ҷангҳои императорӣ ва таҷовузоти истиъмории шаҳракнишинонро коҳиш медиҳад ва ба ҷилавгирӣ аз ранҷи азими инсонӣ ки фаластиниёни имрӯзи таҷриба мекунанд кумак мекунад .

Ваҳшате, ки мардуми Фаластин беш аз 100 сол аст бо он рӯбарӯ ҳастанд , аз фаластиниҳо шурӯъ нашуда ва ба ҳамин ҷо хатм нахоҳад шуд . Ин ба нафъи ҳама аст, ки аз чунин ранҷе иҷтиноб кунанд ва яке аз роҳҳои анҷоми он сохтани ҷаҳонии демократиктар аст.

Нелсун Мандела Замонӣ гуфт : “ Мо ба хубӣ медонем ки озодии мо бидуни озодии фаластиниҳо ноқис аст . ” Замони он гузашта аст ки бақияи ҷаҳон воқеан маънои ин нақли қавлро дарк кунанду иқдомоти малмусӣ барои пешбурди озодӣ аз императорӣ ва истеъмори анҷом диҳанд .

Барчасп