Апрел 07, 2024 12:51 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Чароии нотавонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои тавақуфи наслкуши режими саҳюнистӣ дар Ғазза
    Таҳлил: Чароии нотавонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои тавақуфи наслкуши режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Нотавонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои мутавақиф кардани мошини наслкушии режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза бо интиқодҳои густардае мувоҷҷеҳ шуд.

Наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза вориди ҳафтумин моҳ шудааст. Токунун беш аз 33 ҳазор фаластинӣ дар ин ҷиноёт шаҳид ва беш аз 75 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шуданд. Оятуллоҳи Систонӣ марҷаи олиии аксарияти миллати Ироқ аз нотавонии ҷаҳониён дар мутавақиф карадани ҷиноёт ва таҷовузони мустамари режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми навори Ғазза ибрози таъасуф кард. Аҳмад Ал-Тайиб Шайх Алзаҳр ҳам бо интиқод аз бетаваҷҷӯҳии ҷомеъаи байналмилалӣ нисбат ба ҷиноёте, ки ишғолгарони саҳюнист алайҳи мардуми Фаластин анҷом медиҳанд эълом кард, ончӣ мо дар Ғазза шоҳиди он ҳастем собит мекунад ҷаҳони муъоссири мо раҳбари  оқилона ва хирадмандонаи худро аз даст додааст ва ҳамин амр ҷаҳонро ба самти партгоҳе мебарад, торих монанди онро ҳаргиз надидааст.

Шайх Азаҳр бо ишора ба беҳуда будани ҳамаи қатъномаҳои содир шуда барои тавақуфи таҷовузгарони алайҳи Ғазза ва адами иҷроии ҳеҷ як аз тасмимоти ҷаҳонӣ дар ин замина таъкид кард, ки муъасисоти байналмиллалӣ баъд аз ин, ки тасмимоти онҳо ба мудохилоти ошкори як тарафаи золим ва зургӯ лағв шуд, дармонда ва фалаҷ шуданд. Саволи муҳим ин аст, ки чаро ҷомеъаи ҷаҳлонӣ барои мутавақиф карлани мшини наслкуши саҳюнистҳо ноком будааст? Ба назар мерасад муҳимтарин посӯх дар ин хусӯс истифодаи абзории Амрико аз ҳаки вето дар Шӯрои амнияти Созмони Миллал аст. Амрико дар шаш моҳи гузашт тамом қад дар канори режими саҳюнистӣ қарор гирифт ва илова бар кумакҳои низомӣ ва иқтисодӣ , ба лиҳози сиёсӣ низ дар сатҳи ҷаҳонӣ монеъи тасвиби ҳар гуна қатъномае дар маҳкумияти саҳюнистҳо шуд. Истифодаи абзории Амрико аз ҳаққи вето бори дигар ҳар навъ қатъномае дар маҳкумияти ҷинояти саҳюнистҳо шуд. Истифодаи абзории амрико аз ҳаққи вето бори дигар собит кард, ки ин ҳаққ ба абзори сиёсӣ табдил шуд,ки монеъи муҳақақ кардани адолат дар низоми ҷаҳонӣ мешавад.

Омили муҳим  дигар ин аст, ки қатъноами Шӯрои амният низ бо муъзали замонати иҷро мувоҷҷеҳ аст. Ахиран Шӯрои анмият бо райи мумтанеъи Амрико муваффақ шуд қатъномаро  барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ин борика тасвиб  кунад, аммо Кабинаи Нитанияҳу расман эълом кард,ки ин қаъномаро нодида мегирад ва иҷро нахоҳад кард. Лизо метавон гуфт қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Миллал низ то замоне, ки қудратҳои ғарбӣ ба хусӯс Амрико нахоҳад, замонати иҷроӣ нахоҳда дошт.

Омили муҳими дигар дар нотавонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои мутавақиф кардани наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза марбут ба улгуи  рафтории кишварҳои исломӣ аст. Бо вуҷҷӯди наслкуши дар Ғазза, амммо муътасифона кишварҳои исломӣ қодир ба иттихози улгуи рафтории яксон ва иҷмоъ барои муқобила бо режими саҳюнистӣ ва дифоъ аз Фаластин набуданд. Бархе аз кишвраҳои исломӣ сукут пише карда ва бархе низ ҳатто ҳозир нашуданд сафири режими саҳюнистиро фаро хонанд. Дар чунин шароите, режими саҳюнистӣ ба ин ҷамъбанди расид, ки имкони тадовуми  наслкуши дар Ғаззаро  дорад. Бидуни тардид дар сурате, ки миёни кившарҳои исломӣ дар дифоъ аз Фаластин иттиҳод вуҷҷӯд дошта бошад, режими саҳюнистӣ қодир ба тадовуми ин наслкуши нахоаҳд буд.