Апрел 12, 2024 18:21 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои ирсолу тақсими кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ
    Монеаҳои ирсолу тақсими кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рафъи фаврии тамоми мавонеи мавҷуд бар сари роҳи ирсолу тақсими кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғаззаро хостор шуд.

Ба гузориши Исна, Шӯрои амнияти Созмони Милал шомгоҳи панҷшанбе дар баёнияе таъкид кард, режими саҳюнистӣ бояд барои ироаи кумакҳои башардӯстонаи лозим, дар посухгӯӣ ба сатҳи ниёзҳо дар борикаи Ғазза, иқдом кунад.

 

Шӯрои амният дар ин баёния рафъи фаврии тамоми мавонеъе, ки аз ирсолу тақсими кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғазза ҷилавгирӣ мекунадро хостор шуд.

Аъзои Шӯрои амният ҳамчунин бори дигар нигаронии худро дар мавриди вазъияти фоҷеабори инсониву қаҳтии қарибулвуқуъ дар Ғазза иброз карданд.

Ин баёния дар сояи иқдоми амдии режими саҳюнистӣ дар ҷилавгирӣ аз вуруди ниёзҳои пизишкиву аввалия ба борикаи Ғазза матраҳ шудааст.

 

Барчасп