Апрел 16, 2024 11:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор додани садҳо овораи фаластинӣ тавассути низомиёни режими наслкуши Исроил дар шимоли Ғазза

Низомиёни артиши режими наслкуши Исроил садҳо овора фаластиниро, ки дар талош барои бозгашт ба хонаҳояшон дар шимоли борикаи Ғазза буданд, ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамзамон қаиқҳои ҷангии режими саҳюнистӣ барои ҷилавгирӣ аз бозгашти ҳазорон овораи фаластинӣ ба хонаҳои худ дар шимоли борикаи Ғазза, ба сӯи онон тирандозӣ карданд, ки бар асари он як духтарбачаи фаластинӣ ба шаҳодат расид ва чанд овора низ маҷрӯҳ шуданд.

 Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ низ як хонаро дар шарқи урдугоҳи "Алмағозӣ" дар маркази борикаи Ғазза бомбаборон карданд.

 Аз ҳафтуми октябри 2023, ки режими саҳюнистӣ ҳамлаҳои вайронгари худ зидди борикаи Ғаззаро бо ҳимояти Амрико оғоз кардааст, даҳҳо ҳазор фаластиние, ки бештаршон зану кӯдак буданд, шаҳиду захмӣ шуданд ва зерсохтҳои навори Ғазза ба шакли густурдае вайрон шуд ва фоҷеаи инсонии бесобиқае дар ин минтақа рақам хурд.

 Вазорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза эълом кард, дар шабонарӯзи гузашта 68 фаластинӣ дар борикаи Ғазза тавассути артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд ва 94 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Шумори шаҳидони ҷанги Ғазза аз ҳафтуми октябри гузашта то ин лаҳза ба 33 ҳазору 797 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 76 ҳазору 465 нафар расидааст.

 

Барчасп