Апрел 30, 2024 17:40 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Имом Хумайнӣ , раҳбари аслии мубориза бо падидаи саҳюнизм
    Тафсир : Имом Хумайнӣ , раҳбари аслии мубориза бо падидаи саҳюнизм

Сарнагунии шоҳ ва ҳокимияти низоми исломӣ дар Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ ҷаддитарин зарбаи ҳалок кунандае буд ки аҳдофи тавсеаталабонаи саҳюнистҳоро ба таври ҷиддӣ ба мухотира афканд .

Пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон аз ҷанбаҳои мухталиф ба ташдиди муборизоти зидди саҳюнистии мусулмонон анҷомид ва раванди муборизаи фаластиниҳоро дигаргун сохт . Режими шоҳи як муттаҳиди нерӯманди ғарб ва Исроил дар минтақаи ҳассоси ғарби Осиё ба шумор меомад . Эрон дар замони шоҳ бозори воридоти анбӯҳи колоҳо ва маҳсӯлоти Исроил буд ки иқтисоди режими ишғолгарро равнақ мебахшед ва аз сӯии дигар шоҳ бо судӯру тамени нафти мавриди ниёзи Исроил ба кумаки ин режим мешитофт ва нафти Эрон дар маҷмӯъаи иқтисод ва саноеъи Исроил , табдил ба гулӯла ва силоҳӣ мешуд ки бар сина фаластиниён менишаст . Эрон пойгоҳе барои амалиёти ҷосусии Исроил ва кантроли аъроби минтақа шуда буд .Ифшои равобити пинҳону ошкори Шоҳ бо Исроил ва мухолифат бо кумакҳои бедареғи режими Шоҳ ба душмани муштараки мусулмонон яке аз ангезаҳои қиёми Имоми Хумайниро ташкил медод ки худ дар ин бора фармӯдааст :

« Яке аз ҷиҳатҳое ки моро дар муқобили шоҳ қарор додааст , кумак ӯ ба Исроил аст . Ман ҳамеша дар матолибам гуфтаам ки Шоҳ аз ҳамон аввал ки Исроил ба вуҷӯд омад бо ӯ ҳамкорӣ кардааст ва вақте ки ҷанги байни Исроил ва мусулмонон ба авҷи худ расида буд , Шоҳ ҳамчунон нафти муслламинро ғасб карда ва ба Исроил медод ва ин амр , худ аз авомили мухолифати ман бо Шоҳ бӯдааст » .

 

Амрико ва давлатҳои аврупоеӣ ҳомиёни аслии режими ишғолгари Қудс таҷрибаи талхе, ки аз шикасти хеш дар мувоҷиҳа бо наҳзати Имоми Хумайнӣ андӯхта буданд барои маҳори инқилоби исломии Эрон ва тағйири шароит басиҷ шуданд ва дар ин масир то ҳади ҳамсӯ шудан бо рақиби шарқии худ ( Шуравии собиқ ) пеширафтанд ки табалвури ин ҳамсӯйиро дар таҳрики Саддом ба ишғоли хоки Эрон ва  ҳимояти ҳамаҷониба аз ӯ дар тамоми мароҳили ҷанги тӯлонии режими Баъси Ироқ бо Ҷумҳурии навпо ва  исломӣ дар Эрон аз сӯии ду абарқудрат шоҳид будем .

Ҷанги таҳмилӣ бо ҳадафи ишғолу таҷзияи Эрон ва  нобудии Инқилоби исломӣ оғоз шуд ва низоми Ҷумҳурии Исломиро ки мусаммам буд то нақши пештозии хешро дар набард бо душманони мустазъафин дар ҷаҳон ифо кунад ва ба шиори « имрӯзи Эрон ва  фардои Фаластин » ҷомаи амал бипушанд ногузир сохт то барои дифо аз мавҷӯдияти инқилоби хеш ба саҳнаи ҷанг нохоста кашида шавад , ҷанге ки банно ба эътирофи сарони дували ғарбӣ ҷв шарқии падид омада буд то таклифи Инқилоби исломиро яксара кунад ва миллатҳои мусулмонро аз андешаи қиёму Инқилоб навмед созад .

Бадин тартиб Саддом бо таҳрик ва ҳимояти душманони мусллимин саҳнаи гардони ҳодисаи талх ва тӯлонӣ шуд ки Имоми Хумайнӣ аз он чунин ёд мекунад :« Ончӣ ки мӯҷиби таъассуфи бисёр аст онаст ки абарқудратҳо , ба вижа Амрико , бо фиреби Саддом , бо ҳуҷум ба кишвари мо , давлати муқтадири Эронро саргарми дифо аз кишвар худ намӯд , то маҷол ба Исроили ғосиби табаҳкор диҳад то ба нақшаи шуми худ ки ташкили Исроили бузург аз Нил то Фурот аст , иқдоми намояд » .

Имом Хумайнӣ дар авҷи қудрати низоми ситами шоҳӣ , ифшогари равобити пинҳони режими Шоҳ ва Исроил буд ва муқобила бо хатари Исроил барои ҷаҳони исломро бисёр ҷиддӣ ва пайгирона дунбол мекард .

Имом Хумайнии аввалин марҷаъи тақлид ва пешвои бузурги мазҳабӣ буд ки муҷаввизи ҳимоят аз муборизони фаластинӣ аз маҳали вуҷӯҳоти шаръӣ ва закот ва садақаро содир намуданд . Ишон аз ҳамон оғози виҷҳаи исломӣ ва баъди эътиқодии мубориза бо Исроилро корсозтарин равиш барои басмҷи миллати мазлӯми Фаластин ва ҷалби ҳимояти уммати ислом аз онон муаррифӣ намуд.Иттихози масирҳои дигари ҳамчун такя бар қавмияти арабӣ ва нигаришҳои натсионалистӣ ва дигар идеологияҳои воридотӣ ва ғайриисломиро инҳироф дар масири мубориза барои озодии Қудс медонист .

Ишон ба мушкилоти дарунии ҷаҳони Ислом ва аз ҷумла заъфу нотавонӣ ё вобастагии баъзе аз сарони кишварҳои исломӣ , вуқуф комил дошт ва лизо бар огоҳӣ ва шуъури умумии ҷаҳони исломи  усӯли эътиқодӣ ва муштаракоти имонӣ ва фарҳангии умма ва парҳез аз ихтилофоти фирқаӣ таъкид менамуд ва сарони давлатҳои исломиро ба мтобът аз ин ҷараён фаро мехонд ва муътақид буд ки давлатҳо то онҷо ки бо ин шуъур ва хости умумии мусллимин ҳамсӯ ва ҳамроҳ бошанд , шаъни раҳбарӣ ва масъӯлияти ҳидояти муборизаро ӯҳдадор хоҳанд буд ва алои миллатҳои мусулмон мебоист бо онон ҳамон кунанд ки миллати мусулмони Эрон бо Шоҳ кард.

Инак ба ихтисори чанд вуҷӯҳи дигар аз нигариши Имом Хумайнӣ дар хусӯси масаълаи Фаластин ва муқобила бо душмани саҳюнистӣ матраҳ мегардад :

Лузӯми истифода аз ҳарбаи нафти алайҳи Амрико ва Исроил Ишон дар паёмӣ хитоб ба дувал ва милали исломӣ ба муносибати ҷанги Рамазон дар таърих 16/8/1352 навиштанд :

« Давлатҳои мамолики нафтхези исломӣ лозимаст аз нафту дигари имконоте ки дар ихтиёр доранд , ба унвони ҳарбаи алайҳи Исроилу истеъморгарон истифода карда , аз фуруши нафт ба он давлатҳое ки ба Исроил кумак мекунанд худдорӣ варзанд » .

Озодии Фаластин дар гарави бозёбии ҳувияти исломӣ.

« Мо то ба ислом барнагардем ; Исломи Расулаллоҳ , то ба исломи Расулаллоҳ барнагардем , мушкилотмони сари ҷой худаш ҳаст , на метавонем қазияи Фаластинро ҳалаш кунем ва на Афғонистонро ва на соири ҷоҳонро . . . » .

Ифшои мукаррари нақшаи Исроили бузур.

Шиори аслии парлумони Исроили ин буд ки « Исроил , марзҳои ту аз нил то Фурот аст » ; Ва ин шиор дар даврони заъфу навпоии Исроил ки ишғолгарон аз ҷамъияту қудрати андаке бархурдор буданд матраҳ мешуд ва бадеҳӣ аст ки ба ҳангоми қудрат барои таҳаққуқи он талош хоҳанд кард. .

Имом Хумайнӣ борҳо хатари тавсеа талабии Исроил ва адами иктифо ба марзҳои феълиро гӯшзад намӯда ва хотирнишон месохтанд ки ҳаргуна инкор ё пардапӯшии Исроил аз ин ҳадаф , фақат ба манзури фиреби афкори умумӣ ва судҷуён аз сиёсати гом ба гом дар таъқиби аҳдоф ниҳоӣ аст .

Ҷудо донистани яҳуд аз саҳюнизм.

Намедонем саҳюнизм як падидаи сиёсӣ бо ормонҳои ҷоҳталабона , нажодпарастона ва истиъморгарона аст ки зери пӯшиши мазҳаби яҳуд , ҷилваи мазҳабӣ ба худ мегирад ва мекӯшад ба унвони ноҷаи қавми яҳуд аҳдофи худро дунболи намояд . Аммо бар аҳли назар пӯшида нест ки иддаои ваҳдати нажодии яҳудёни ҷаҳон сохтау ва пардохтаи саҳюнистҳое аст ки мехоҳанд бо тамассук ба ин иддаои мавҳум , ғасби сарзамини Фаластин ва ҷиноёти худ дар арозии ишғолиро тавҷеҳи намоянд ва ошкор аст ки саҳна гардони аслии ин моҷаро дар оғоз , истеъмори Англис буд ва инак ҷои худро ба давлатмардони Кохи Сафед супурдааст ва тардиди нест ки истеъмори навини ғарб ҷуз ба манофеи истиъмории хеш нам андешад . Имом Хумайнӣ бо огоҳӣ аз ин воқеиятҳо ҳамвора бо тафкики масаълаи яҳуд аз саҳюнизм ба муқобила бо ин тарфанди бархеста ва ниқоби тазвир аз чеҳраи муддаиёни дифо аз яҳӯдият бармедорад ва саҳюнизмро асосани ҷараёнии сиёсие ки бо асли диёнату аҳдофи Иллоҳии анбиё дар ситез мебошад муаррифӣ менамояд .

Иттиҳод роҳи наҷоти Фаластин.

Имоми Хумайнии ҳукмфармоии иддаи андак аз саҳюнистҳоро бар беш аз як миллиард мусулмони ҷаҳони нанговар медонист ва мегуфт :

«Чаро бояд як кишварҳое ки дорои ҳама чиз ҳастанду дорои ҳамаи  қудрат ҳастанд , Исроил бо он иддаи кам биёд ва ба онҳо интавр ҳукмфармоӣ кунад ? Чаро бояд интавр бошад ? Ҷуз инаст ки миллатҳо аз ҳам ҷудо , ва аз давлатҳо ҷудо ва давлатҳо аз ҳам ҷудо , ва як миллиард ҷамъияти мусллимин бо ҳамаи таҷҳизоте, ки доранд нишастаанд ва Исроии он ҷиноётро ба Лубнон мекунад ва ба Фаластин мекунад ».

Зарурати қиёми миллатҳо алайҳи саҳюнизм ва адами вобастагӣ ба Амрико

Имом Хумайнӣ ( с ) дар бисту панҷуми озармоҳи соли 60 дар дидор бо коркунону масъӯлони қазоӣ бо ишора ба инки давлатҳои мусулмон вобаста ба Амрикои маншаи гирифториҳои асосӣ мусллимин ҳастанд , фармуданд :

« Мусулмонҳо нанишинанд ки ҳукӯматҳошони барояшони амали бикунанд ва исломро аз дасти саҳюнизми наҷоти бидиҳанд . Нанишинанд ки Созмонҳои байналмилалӣ барои онҳо кори бикунад . Миллатҳо худашон бояд қиём кунанд дар муқобили Исроил . Миллатҳо бояд худашон қиём кунанду ҳукӯматҳои худашонро водор кунанд ки дар муқобил Исроил биистанд ва иктифо накунанд ба маҳкӯм кардан . Ҳамонҳое, ки бо Исроил ақди ухувват ҳам доранд , онҳо ҳам маҳкӯм мекунанд Исроилро , локини як маҳкӯмияте, ки бо сурати ҷиддӣ ва ба ҳасби воқеъ шухӣ аст . Агар мусллимин нишастанд ки Амрико барои онҳо кори бикунад ё дасти нишондаҳои Амрико барои онҳо кори бикунад , ин қофила то абад ланг хоҳад буд . »

Барчасп