Феврал 10, 2024 10:44 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Ҷиҳоди исломӣ: Инқилоби исломӣ нақши муҳимме дар зинда кардани дубораи Ислом дар тамоми нуқоти ҷаҳон дошт

Носири Абушриф-намояндаи ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин дар Теҳрон бо баёни инки Инқилоби исломӣ уммати исломиро ба ҳуввияти аслии худ бозгардонд, гуфт: Инқилоби исломӣ нақш муҳимме дар зинда кардани дубораи Ислом дар тамоми нуқоти ҷаҳон дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Носир Абушриф ҷумъашаб дар оини ҷашни чиҳилупанҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар масҷиди Ҷаҳормардони Қум изҳор кард: Инки Инқилоби исломӣ масъалаи Фаластинро ба унвони масъалаи меҳварии худ қарор диҳад, масъалае ба дур аз чорчубҳои исломӣ набуда ва нест.

  Абушриф бо баён инки истеъмори Ғарб, душмани аслии уммати исломӣ ва режими саҳюнистӣ низ дар хатти аввали ин душманӣ қарор дорад, тасреҳ кард: Имом Хумайнӣ(ра) ба унвони як шахсияти динии шуҷоъ масъалаи Фаластинро ба унвони масъалаи аслии уммати исломӣ қарор доданд.

 Вай гуфт: Ҳазрати Имом бо нигоҳи жарфнигарона ва роҳбурдии худ мушаххас карданд, ки истеъмори ғарбӣ ва Амрико барои душманӣ бо уммати исломӣ фаъолият мекунанд.

 Носир Абушриф таъкид кард: Хатари бузург барои уммати исломӣ, режими саҳюнистӣ аст, ки дар қалби уммати исломӣ кошта шудааст.

 Вай идома дод: Раҳбари муаззами инқилоб низ хатти машйи ҳазрати Имом дар бораи инки масъалаи Фаластин масъалаи Ислом астро ҳифз карда ва ҳамонро идома додаанд.

  Абушриф бо ишора ба сухани Раҳбари муаззами инқилоб мабни бар инки Фаластин виҷдони бедори башарият аст, баён дошт: Масъалаи Фаластин ҷойгоҳи хоссе дар Инқилоби исломӣ дорад, пирӯзӣ бар режими саҳюнистӣ, пирӯзии тамоми уммати исломӣ аст ва метавонад мунҷар ба як таҳаввули бунёдин дар уммати исломӣ шавад.

Ин мақоми Фаластин изҳор кард: Бархе тасаввур мекунанд, ки режими саҳюнистӣ фақат душмани фаластиниён аст, вале ин тасаввур иштибоҳ аст.

 

Барчасп