Апрел 17, 2024 19:23 Asia/Dushanbe
  • Густариши инзивои режими саҳюнистӣ дар саросари ҷаҳон

Рӯзномаи саҳюнистии Гааретс дар гузорише эълом кард, Исроил шоҳиди густариши инзиво(танҳои)и худ дар саросари ҷаҳон аст.

 Ин рӯзнома навишт, агар Исроил сиёсати комилан мутафовитеро дар пеш нагирад ва тағйири асосӣ дар сиёсатҳои худ эҷод накунад, ин инзиво ҳамчунон боқӣ хоҳад монд ва аз байн намеравад.

Узи Баръом-вазири умури дохилӣ ва узви собиқи Кнессет (парлумони режими саҳюнистӣ) низ дар мақолае дар рӯзномаи Гааретс навишт, ҳамкорӣ миёни Исроил бо Амрико ва бархе аз ҳампаймонон «сирфан дар замони буҳронҳои ҷаҳонӣ сурат мегирад ва барои ҳамеша мумкин нест».

 Дар ҳамин росто, ин рӯзнома дар идомаи гузориш навишт, ки Исроил наметавонд худро фиреб диҳад, ки барои ҳамеша метавонад ба ин ҳамкорӣ такя кунад, он ҳам дар замоне, ки Исроил шоҳиди аз байн рафтани фаврии эътибори худ «ба унвони як давлати машрӯъ» дар саросари ҷаҳон аст.

 Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарӣ зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занону кӯдакони Фаластин тавассути мошини ҷангии ин режеми номашруъ шудааст.

 Бинобар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023 то кунун наздик ба 34 ҳазор фаластинӣ шаҳид шудаанд, ки бештари қурбониёни ин ҳамалот, занон ва кӯдакон ҳастанд.

 

 

 

Барчасп