Апрел 22, 2024 18:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза
    Ҳамлаи ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ҷануби борикаи Ғаззаро бомбаборон карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмёдин ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ хонаҳои истиқомати дар маркази борикаи Ғаззаро бомбаборон карданд ва як мадриса дар урдугоҳи Албриҷро ҳам ҳадафи ҳамалоти паҳподи қарор доданд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ чандин ҳамлаи шадид ба маҳаллаи Алзайтун воқеъ дар ҷануби шарқи шаҳри Ғазза анҷом доданд .

Тупхонаи режими саҳюнистӣ низ шимоли урдугоҳи Алнсирот воқеъ дар маркази Ғазза, шарқи урдугоҳи Алмағозӣ ва 2 минтақаи Алмағроқа ва Алзаҳроро ҳадаф қарор дод .

Қойқҳои ҷангии режими саҳюнистӣ ҳам савоҳили маркази ва  ҷанӯбии борикаи Ғаззаро гулулаборон карданд .

Ҷангандаҳои режими Исроил дар ҳамлаи ҳавоӣ ба 2 хонаи истиқомати дар Рафаҳ дасти кам 26 фаластинӣ аз ҷумлаи 16 кудак ва шаш занро ба шаҳодати расонданд .

Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза бо ишора ба идомаи ҷинояти режими саҳюнистӣ ва шаҳодати 48 фаластинӣ дар шабонаи рузи гузашта эълом кард ки аз ибтидои ҷанги Ғазза 7 актбри соли 2023 токунун беш аз 34 ҳазор фаластинӣ ки аксари онҳо кудакон ва занон ҳастанд ба шаҳодат расидаанд .

Аз суи дигар шумори аз шаҳракнишинон саҳюнистӣ ҳам имруз душанбе бо ҳимояти низомиёни исроилӣ ба Масҷидулақсо таъарруз карданд.

Барчасп