Апрел 23, 2024 11:48 Asia/Dushanbe
  • Созандаи хабари дурӯғини «таҷовузи ҷинсии Ҳамос» фиребгар будааст!

Вакили исроилӣ, ки дар корзоре Ҳамосро ба хушунати систематии ҷинсӣ дар 7 октябр муттаҳам карда буд, чанд рӯз пас аз эҳдои ҷоизаи мӯътабари режими саҳюнистӣ ба ӯ, аз сӯи расонаҳои исроилӣ ба фасоди молӣ ва интишори иттилооти дурӯғ муттаҳам шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кохав Элькаям-Леви (cochav elkayam-levy)-вакили исроилӣ, ба унвони бунёнгузори комиссияи ба истилоҳ мадании «ҷиноёт Ҳамос дар рӯзи 7 октябр алайҳи занон ва кӯдакон», то кунун манбаъи аслии созмонҳои хабарӣ ва расонаҳои ғарбӣ будааст, ки мӯътақиданд муборизони Фаластин дар ҳамла ба низомиёни Исроил, ба таҷовузи ҷинсии систематӣ дар сатҳи васеъ даст задаанд.

 Леви ҳатто дар як барномаи пурбинанда ва вежа дар шабакаи cnn ба унвони коршиноси ҳуқуқ башар, ки кумитаи маданӣ барои сабти шоҳидон тартиб додааст, зоҳир шуд. Рӯзномаи исроилии "Гааретс" низ матлабе дар бораи ӯ мунташир кард; бо ин мавзӯъ, ки Леви ба таври гумроҳкунандае иддао мекунад, фаъолиятҳои ӯ ҷойи ҳиҷ тардиде боқӣ намегузорад, ки муборизони Ҳамос дар 7 октябр ба таври систематӣ ба таҷовуз ва суистифодаи ҷинсӣ руй овардаанд.

 Сипас дар 6 декабри 2023, аъзои Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед ва дастёри раиси ҷумҳур ва мудири Шӯрои сиёсатгузории ҷинсиятӣ, Ҷеннифер Клеин (jennifer klein) мизбони Элькаям-Леви дар Вашингтон буданд, то дар бораи фаъолиятҳои ӯ барои ҷамъоварии далелҳо ва шоҳидони марбут ба вақоеъи 7 октябр ва эҷоди як гузориши ҷомеъ аз хушунатҳои ҷинсии Ҳамос огоҳ шаванд.

 Ҳамин фаъолиятҳои ӯ дар ниҳоят, ҷоизаи режими саҳюнистӣ, яъне мӯътабартарин ҷоизаеро, ки ҳар шаҳрванди исроилӣ метавонад аз сӯи ин режим дарёфт кунад, барои ӯ ба армуғон овард. Ў пас аз дарёфти ин ҷоиза дар 21 март гуфт: "Мо бояд дар баробари инкори шадид ва мавҷи физояндаи яҳудиситезӣ маҳкам биистем."

 Бо ин ҳол се рӯз баъд рӯзномаи "Янет" (ynet) бузургтарин рӯзномаи Исроил  ҳақиқати талхеро ифшо кард. Леви ҳомиёни бузурги молии худ аз ҷумла яке аз аъзои давлати Байденро бо пахши достонҳои сохтагӣ ва дурӯғин дар бораи “ҷиноёти Ҳамос” ва амал накардан ба ваъдааш дар бораи ироаи гузорише аз хушунатҳои ҷинсии ин гурӯҳ дар рӯзи 7 октябр фиреб дода буд!

 Яке аз мақомоти давлати Исроил дар ин замина ба Vay net гуфт: Мардум аз ӯ фосила гирифтаанд, зеро таҳқиқоти ӯ нодуруст будааст.

 Мақомоти исроилӣ ба вежа аз ин, ки Леви иддаоҳои дурӯғине дар бораи инки муборизон қабл аз таҷовуз ба як зани бордор, ҷанини ӯро дар раҳим пора-пора кардаанд - хашмгин шуданд; Дурӯғе, ки барои аввалин бор тавассути Йосси Ландо (yossi landau) аз муассисаи бадноми ЗАКА(zaka) матраҳ шуда буд. Як мақоми саҳюнист ба ин манбаъ гуфт: «Собит шуд достони зани бордор, ки шикамшро буридаанд дурӯғ аст. Ў ин дурӯғро аз тариқи матбуоти байналмилалӣ мунташир кард. Шӯхи нест. Афроди ҳирфае ба тадриҷ аз ӯ фосила гирифтанд, зеро ӯ қобили эътимод нест.»

 Кохав Элькаям-Леви аз тариқи муассисаи худ мавсум ба “Дебора”, миллионҳо доллар ҷамъоварӣ кардааст, аммо ба истиноди манобеъи давлатӣ ӯ бо фиреби ҳомиёни сарватманди яҳудии амрикоӣ ҳамчун Раҳм Емануел (rahm emanuel)-сафири кунунии давлати Байден дар Япония, тамоми пулҳои ҷамъоваришударо ба ҳисоби банкии шахсии худ интиқол додааст.

Image Caption

Пойгоҳи Middle East моnитоr: расонаҳои Исроил супурдани ҷоиза ба вакили фиребкор, пушти иттиҳомоти «таҷовузи дастаҷамъи»и Ҳамосро зери савол мебаранд.

 Ба навиштаи Vay net ба нақл аз як мақоми исроилӣ,Леви барои роҳандозии «комиссияи мадани»-и худ, 8 миллион доллар ва маблағ 1/5 миллион доллар низ барои «мудирият ва ҳамоҳангӣ» дархост кард. Раҳм Емануел ба ӯ кумаки молӣ кард. Леви аз афроди зиёде дархости пул карда буд.

 Бо ин ҳол пас аз беш аз панҷ моҳ таҳқиқ, ин вакили пурсарусадо ҳеҷ санади қобили қабул барои асоснок кардани дарёфти ин ҳаҷми азими кумакҳои молии ҷамъоваришуда, ироа накардааст. Дар воқеъ ҳеҷ «гузориши қасоват(сангдилӣ)» и, ки Леви ваъда дода буд, ироа нашуд.

Бар асоси гузоришҳо вай талош кардааст, монеъи сафари Прамила Паттен (pramila patten)-намояндаи вежаи Созмони Милал дар умури хушунати ҷинсӣ дар даргириҳо ба Исроил шавад. Гузориши Леви дар ниҳоят тавассути Исроил ба унвони "исбот"и ҷиноёти ҷинсӣ тавассути Ҳамос таблиғ шуд; Дар ҳоле, ки Паттенн эътирф кард, ҳеҷ далеле дар бораи дурустии он вуҷуд надорад ва орӣ аз ҳар гуна арзиши таҳқиқӣ аз сӯи Созмони Милал аст.

 Беобрӯии Кохав Элькаям-Леви ҳамзамон бо интишори гузорише дар Нию-Йорк таймс" сурат мегирад, ки шакку тардидҳо дар бораи иддаои беасоси хушунати ҷинсии систематии Ҳамос дар 7 октябрро бештар мекунад.

 Тибқи гузориши 25 марти Нию-Йорк таймс як исроилии имдодгар, ки худро "g" муаррифӣ мекард (бо номи воқеии Гуи Меламед) (guy melamed) ба дурӯғ иддао кард, ҷасади духтарони навҷавонро дар Кибус Беери дар ҳолати бараҳна пайдо карда, ки ошкоро нишон медиҳад, мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

 Нию-Йорк таймс сипас эълом кард: «Навори гирифташуда тавассути як сарбози исроилӣ, ки дар 7 октябр дар Беери ҳузур дошта... ҷасади се қурбонии занро нишон медиҳад, ки комилан либос пӯшидаанд ва ҳеҷ нишонаи далолаткунанда бар хушунати ҷинсӣ вуҷуд надорад."

 Расонаҳои ғарбии ҳомии Исроил ба таври васеъе пеш аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза ин дурӯғи бузурги таҷовуз ва буридани сарро мунташир карданд. Касоне ҳамчун Пирс Морган-ровӣ ва рӯзноманигори англисӣ ҳам ба думбол ҷо андохтани ин дурӯғ дар барномаи гуфтугӯмеҳвари худ будаанд, ки бо посухҳои маҳками таҳлилгароне чун профессор Муҳаммади Марандӣ рӯбарӯ шуданд.

 

 

 

Барчасп