Май 26, 2024 18:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Лубнон ба сарзаминҳои ишғолӣ
    Ҳамлаи Лубнон ба сарзаминҳои ишғолӣ

Манобеи хабарӣ аз ҳамалоти мушакӣ аз хоки Лубнон ба сарзаминҳои ишғолӣ ва ба садо даромадани ожирҳои хатар дар шаҳракҳои саҳюнистнишин хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи шабакаи телевизионии “Алмаёдин”, ожирҳои хатар дар ду шаҳраки саҳюнистнишин дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ва ҳаммарз бо Лубнон ба садо даромад.

Тибқи ин гузориш, дар пайи шиллики чанд мӯшак аз хоки Лубнон ба сарзаминҳои ишғолӣ, ожири хатар дар манотиқи Албаса, Ҳонито, Шалуми, Алҷлили ғарбӣ ва Раъсунноқура ба садо даромадааст.