Декабр 04, 2022 12:07 Asia/Dushanbe
  • Аммори Ҳаким: Ироқ иҷоза намедиҳад гуруҳҳои террористӣ ба кишварҳои ҳамсоя таҷовуз кунанд
    Аммори Ҳаким: Ироқ иҷоза намедиҳад гуруҳҳои террористӣ ба кишварҳои ҳамсоя таҷовуз кунанд

Раҳбари ҷараёни ҳукумати миллии Ироқ гуфт: Бояд неруҳои ироқӣ дар навори марзии ин кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия мустақар шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Аммори Ҳаким, раҳбари ҷараёни ҳукумати миллии Ироқ дар суханони таъкид кард барои ҳифзи ҳокимияти Ироқ набояд ин кишвар мақар ё гузаргоҳе зидди кишварҳои ҳамсоя бошад ва ин кишварҳо низ бояд дар хусуси ҳар иқдоми барои таъқиби гуруҳҳои террористӣ бояд бо давлати федероли ҳамоҳанг шаванд.

Сайид Аммори Ҳаким дар идома афзуд: Давлати Ироқ ба сурати ҷидди дар талош аст иҷоза надиҳад гуруҳҳои террористӣ ба кишварҳои ҳамсоя таҷовуз кунанд.

Неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сешанбе 22 ноябр даври ҷадиди ҳамалоти худ зидди гуруҳакҳои террористии таҷзияталаби ҳизби озоди Курдистон тавассути мушак ва паҳподи интиҳори дар ҳумаи Каркук мавриди ҳафад қарор гирифт.

Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бар асоси модаи 51 маншури милали муттаҳид Эрон ҳақ дорад ба сурати якҷониба зидди террористҳои мусаллаҳ амалиёти низомӣ анҷом диҳад.

 

Барчасп