Декабр 10, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳаким: Пирӯзӣ бар ДИИШ бо талоши нерӯҳои мардумӣ ба даст омад

Раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ гуфт, пирӯзӣ бар ДИИШ ҳосили талоши қаҳрамононаи нерӯҳои Ҳашдуш- шаъбӣ ва дигар неруҳои низомии Ироқ буд ва ҳамосаи озодсозии хоки Ироқ аз террористҳо бо ҳузури нерӯҳои қаҳрамон ба даст омад.

Ба гузориши канали иттилоърасонии дафтари Ҳикмати миллии Ироқ, Саидаммор Ҳаким рӯзи шанбе ба муносибати рӯзи пирӯзӣ бар гурӯҳи террористӣ ДИИШ гуфт, имрӯз рӯзи шохис дар таърихи миллати Ироқ аст, ки мӯҷиби сарбаландии миллат шуд ва ҳамосаи миллии бузургро рақам зад, ки ба шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ ва бозпасгири заминҳои ба яғмо рафта ҳамчун Мусил аз чанголи гурӯҳаке анҷомид, ки ҷароиме камназир муртакиб шуд ва ба куштору ноҳурматҳо ва ғоратҳои камназир даст зад.

Ҳаким афзуд, ҳамосаи озодсозии хоки Ироқ, ки пас аз фатвои дифои кофиио марҷаъияти олӣ аз Наҷафи ашраф роҳ афтод, бо ҳузури қаҳрамононаи фарзандони ироқӣ аз артишу полису Ҳашдуш-шаъбӣ, пешмарга ва дигар нерӯҳои қаҳрамон рақам хӯрд ва қаҳрамониҳояш фаротар аз ҷанбаҳои амниятӣ ва низомӣ ба ҷанбаҳои инсонӣ низ расид, ки шомили расидагӣ ба оворагону ҳифозат аз сокинони манотиқе буд, ки шоҳиди сахттарин даргириҳо тайи чандин моҳ буданд.

Раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ таъкид кард, ҳифозат аз ин пирӯзӣ аз таҳаққуқи он аҳамияти камтаре надораду шодии ин пирӯзӣ вақте такмил мешавад, ки боқимондаи оворагон ба сукӯнатгоҳҳояшон бозгарданд, бақоёи террористҳо ва ҳастаҳои хуфтаи онҳо аз миён бираванд, дастовардҳои амниятии кишвар ҳифозат шавад ва аз ҳар касе, ки васвасаи барҳам задани амнияту суботи меҳанамон ба зеҳнаш хутур кунад, фурсат гирифта шавад.

 

Барчасп