Апрел 20, 2024 12:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи саҳюнистҳо ба пойгоҳи Ҳашдуш-шаъби дар устони Бобили Ироқ

Бар асари ҳамлаи паҳподии саҳюнистҳо ба пойгоҳи низомии «Колсу» дар шимоли устони Бобил (ҷануби Бағдод) камаш 1 нафар кушта 8 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пойгоҳи Колсу, пойгоҳи муштараки артиши Ироқ, полиси федерал ва неруҳои Ҳашдуш-шаъби ба шумор меравад.

Раиси кумитаи амниятии Бобили Ироқ гуфт: Мақари Ҳашдуш-шаъби дар пойгоҳи Колсу, бо мушак ҳадаф қарор гирифта ва ахбор дар бораи ҳамлаи паҳподӣ ҳақиқат надорад.

Дар ҳамин ҳол Ситоди фармондеҳи марказии Амрико (Сентком) бомдоди шанбе гузоришҳо дар бораи ҳамлаи ҳавоии ин кишвар ба як пойгоҳи низомӣ дар устони Бобил Ироқро рад кард.

 Дар ҳамин росто Абуало Алвилоӣ, дабири кулли гурдонҳои Сайидуш-шуҳадои Ироқ дар вокуниш ба ҳодисаи пойгоҳи низомии Колсу гуфт: Ҳар касе, ки дар ҳамла ба ин пойгоҳ дахолат дошта бошад, мо ба ӯ посух хоҳем дод.

 

Барчасп