Январ 14, 2023 19:23 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Ироқ: Истиқболи Эрону Арабистон аз миёнҷигарии Бағдод барои аз саргирии равобит

Нахуствазири Ироқ бо ишора ба инки талошҳои Бағдод барои аз саргирии даври ҷадиди музокирот байни Эрону Арабистон идома дорад, аз вокуниши мусбати Теҳрону Риёз ба раванди миёнҷигариҳои Бағдод хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Маълума, Муҳаммад Шаёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ изҳор дошт, равобити мутавозин байни Ироқ ва кишварҳои ҳамсоя бар асоси асли эҳтироми мутақобил, манофеи муштарак ва адами мудохила дар умӯри дохилии якдигар, беҳтарин рӯйкард барои давлати Ироқ аст.

Ал Судонӣ ба талошҳои Ироқ барои аз саргирии равобит миёни Эрону Арабистон ишора кард ва гуфт, талош барои наздик кардани дидгоҳҳо байни Эрон ва кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудӣ рӯйкарде аст, ки давлати Ироқ аз он пайравӣ карда ва ба ин рӯйкард идома медиҳад.

Вай бо баёни инки Эрону Арабистон низ аз ин раванд истиқбол мекунанд ва талоши Ироқ барои азсаргирии ин музокирот дар ояндаи наздик дар Бағдод идома дорад, равобити Ироқ бо Эронро бисёр хуб ва созанда тавсиф кард ва гуфт, Ироқ бо Эрон ҳаммонанди кишварҳои арабӣ иштирокоти динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дорад.

Нахуствазири Ироқ дар поёни суханони худ бар таваҷҷуҳи вижаи давлаташ ба амнияти марзҳо барои ҷилавгирӣ аз тараддуди террористҳо ва мубориза бо маводи мухаддир низ таъкид кард.

Ироқ токунӯн мизбони панҷ давр аз музокирот байни Эрон ва Арабистон будааст.

 

Барчасп