Ҷаҳон дар сувги шаҳодати имоми Аскари (а) бо ҳазрат валиаср (аҷ) ҳам нола аст
(last modified 2024-09-11T16:17:59+00:00 )
Сентябр 11, 2024 21:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳон дар сувги шаҳодати имоми Аскари (а) бо ҳазрат валиаср (аҷ) ҳам нола аст
    Ҷаҳон дар сувги шаҳодати имоми Аскари (а) бо ҳазрат валиаср (аҷ) ҳам нола аст

Ҷаҳон дар остонаи солрузи шаҳодати ёздаҳумин меҳри сипеҳри имомат ва вилоят, ҳазрати имоми Ҳасани Аскари (а) ҳам нола бо фарзанди бузургворашон, охирин ҳуҷҷати ҳақ, ҳазрати бақиятллоҳи алаъзам сувгвор ва сёҳпуш аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рузи 5 шанбе 8 рабиъуалаввали соли 1445 ҳиҷрии қамарии баробар бо 12 сентябри 2024 милодӣ солрузи шаҳодати имоми Ҳасани Аскари (а) падари бузургвори ҳазрати имоми Замон (аҷ) аст .

Мардуми саросари эрони исломӣ дар шабу рузи солрузи шаҳодати имом Ҳасани Аскари (а) набераи гаронқадри Паёмбар (с) бо ҳузур дар масоҷид, ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имоми Ризо (а) дар Машҳад ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри муқаддаси Қум азодори мекунанд .

Ҳамчунин шаҳри Сомиро дар Ироқ ва ҳарами он имоми шариф мизбони миллион зоири азодор аст .

Эмом Ҳасани Аскари (а) 8 рабиъи алаввали соли 260 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Сомиро, шимоли Ироқ ба шаҳодати расиданд ва дар ҳамин шаҳр дар канори марқади падарашон ба хок супурда шуданд .

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фарорсидани солрузи шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Аскари (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ба вижа ба остон то осмони баланди ҳазрати валии аср (аҷ) таслият мегуяд.

Барчасп