Апрел 12, 2023 18:45 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон
    Дидгоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ эълом кард, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба далели кам шудани ҳаволаҳои ирсолии муҳоҷирони корӣ аз 8 дарсади соли 2022 то ба 5 дарсад коҳиш меёбад.

Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба далели коҳиши ҳаволаҳои ирсолии муҳоҷирони корӣ аз 8 дарсади соли гузашта ба 5 дарсад коҳиш меёбад.

Бинобар гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ бо унвони «Рушди заиф, таварруми боло ва буҳрони ҳазинаи зиндагӣ», иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 дар паи ирсоли қобили тавваҷуҳи ҳаволаҳои ирсолӣ, ки беш аз як сеюми тавлиди нохолиси дохилии ин кишварро ташкил медиҳанд, умдатан аз Русия, 8 дарсад рушд кард.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки муҳоҷират дар соли гузашта ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфт, аммо пас аз эъломи басиҷ дар Русия, ин раванд аз моҳи сентябр рӯ ба коҳиш ниҳод.

Бинобар натиҷагирии коршиносони ин бонк, саҳми хонаводаҳои дорои муҳоҷир дар нимаи аввали соли 2022 аз 42 дарсад то 50 дарсад афзоиш ёфтааст, аммо сипас ба таври пайваста дар ҳоли коҳиш будааст.

Таҳиякунандагони ин гузориш таъкид карда буданд, ки 80 дарсади ҳаволаҳои ирсолӣ ба Тоҷикистон бо муҳоҷирони корӣ дар Русия муртабит аст, ки бинобар ин гузориш теъдоди онҳо ҳудуди як миллион нафар аст.

Бар асоси гузориши Бонки Рушди Осиё дар қаламрави Русия беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки тобеияти русӣ низ доранд, кору фаъолият мекунанд.

 

Барчасп