Ҳамкориҳои байнипорлумонии Тоҷикистону Узбекистон дар Тошканд
(last modified Sun, 23 Apr 2023 15:27:55 GMT )
Апрел 23, 2023 20:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои байнипорлумонии Тоҷикистону Узбекистон дар Тошканд

Масаълаи тақвияти ҳамкориҳои байнипорлумонӣ байни Тоҷикистону Узбекистон дар дидори Абдулҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва Нуриддинҷон Исмоилов, раиси Утоқи қонунгузории Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор тарафайн таъкид карданд, ки дар сояи сиёсати сарони Тоҷикистону Узбекистон, равобити ду кишвари ҳамсоя дар фазои дӯстӣ ва тафоҳуми мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва мушорикати роҳбурдӣ ба суръат дар ҳоли тавсеа аст.

Ҳамчунин тарафайн дар хусӯси тақвияти ҳамкориҳои муассир байни Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Утоқи қонунгузории Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон суҳбат ва дидгоҳҳои худро дар хусӯси тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф баён карданд.