Май 06, 2023 10:37 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 17 дарсадии тиҷорати Тоҷикистону Туркия дар 3 моҳи нахусти 2023

Ҳаҷми тиҷорати мутақобили Тоҷикистону Туркия дар моҳҳои январ – марти соли ҷорӣ нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта афзоиш ва 98.4 миллион доллар баровард шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Завқӣ Завқизода, вазири тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва  Умур Аҷар,сафири Туркия дар ин кишвар дидору гуфтугу карданд .
Дар ҷараёни ин дидор изҳор шуд, ки мубодилаи тиҷории байни Тоҷикистону Туркия дар як соли гузаштаи 2022 ҳаҷми 351 . 2 миллион долларро ташкил додааст .
Дар чорчӯби ин музокирот таъкид шуд, ки ду кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷории милодӣ дар амри афзоиши гардиши молӣ ба натоиҷи мусбате даст ёфтаву мубодилаи тиҷорӣ зарфи ин муддат ( моҳҳои январ – март ) дар қиёс бо замони мушобеҳи соли 2022 афзоиши 17.3 дарсадӣ дошта ва 98.4 миллион долларро ташкил додааст .
Дар бахши дигар имкони роҳандозии ширкатҳои муштарак дар заминаи тавлиди маҳсӯлоти нассоҷӣ дар хоки Тоҷикистон баррасӣ ва ба чашмандози сармоягузории Туркия дар сохти воҳидҳои иқтисодӣ барои пардозиши алюминий, пашму чарм, меваҳову сабзиҷот, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтимонӣ ишора шуд.
Илова бар ин дар ин дидор масоили марбут ба иҷрои пружаи « нақшаи роҳ барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Туркия барои солҳои 2022 - 2025 » баррасӣ шуд.

Бештар бихонед :


 

 

Барчасп