Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон бо Марокко ва Қатар
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории ройзаниҳои ҷудогонаи сиёсӣ бо мақомоти Марокко ва Қатар дар маҳали Вазорати хориҷаи ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон бо вазоратхонаҳои хориҷаи Марокко ва Қатар дар шаҳри Душанбе ва ба сурати ҷудогона баргузор шуд.
Дар ройзаниҳои сиёсӣи вазоратхонаҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Марокко вазъияти кунуни ва чашмандози рушди равобити байни ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтсиодӣ, башардустона ва ҳамчунин илми ва омузишӣ, гардишгарӣ, тақвияти чорчуби қонунӣ дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ва дигар мавзуъоти мавриди алоқаи ду тараф барраси шуданд.
Дар ин музокирот бар омодаги ва алоқаи мутақобили ду тараф барои рушди бештари равобити дустона ва ҳамкории байни ду кишвар дар тамоми заминаҳои мутақобили судманд таъкид шуд.
Ҳамчунин дар ройзании ҳайати Тоҷикистон ва Қатар вазъияти кунуни ва дурнамоӣ равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, илми ва омузишӣ, беҳдошт, ҳамкори дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифт.