Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ҷавонон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме Рӯзи Ҷавононро ба ҷавонони кишвар табрик гуфт ва бар нақши муҳими онҳо дар зиндагӣ, ҷомеа ва давлат таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози хурсандӣ, аз Тоҷикистон ба унвони “сарзамини ҷавонон” ном бурду гуфт: Ҷавонон дар зиндагии ҷомеа ва давлат нақши босазоеро ифо мекунанд, саҳми қобили таваҷҷуҳе дар тавсеаи кишвар ва беҳбуди қаламрави он доранд ва аз манофеи сарзамини модарии худ муҳофизат мекунанд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хотирнишон кард, ки Душанбе аз ҳамон оғози ба даст овардани истиқлол ба ҷавонон тавваҷуҳи зиёд доштаасту сиёсати давлатии ҷавонони ин кишвар мутамаркиз бар эҷоди шароити мусоид барои шаклгириву шукуфоии истеъдодҳои ҷавон ва ҳамчунин ҳалли мушкилоти зиндагӣ ва фаъолиятҳои ин қишри иҷтимоӣ аст.
Бинобари суханони Эмомалӣ Раҳмон, асноду барномаҳои тасвибшуда барои риояти ҳуқуқи ҷавонон, ки дар қонуни асосӣ тазмин шудааст, тақвияти мавқеияти онҳо дар зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷомеа, беҳбуди шароити зиндагӣ ва маҳорату густариши ҳувияти миллии онҳо кумак мекунанд.
Вай дар поёни суханони худ ин муносибатро ба ҷавонони кишвараш бори дигар табрик гуфт ва барои онҳо умри тӯлонӣ, муваффақият дар фаъолиятҳо дар ростои таъмини рифоҳу саодат дар меҳани худ орзӯ кард.
Рӯзи ҷавонон ҳамасола 23 май, аз соли 1997 дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.