Мушаххас шудани рақибони тими миллии футболи Тоҷикистон дар рақобатҳои интихобии Ҷоми Осиё – 2024
(last modified 2023-05-26T14:47:10+00:00 )
Май 26, 2023 19:47 Asia/Dushanbe
  • Рақибони футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё – 2024
    Рақибони футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё – 2024

Тими футболи олимпии Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми миллатҳои Осиё – 2024 ба масофи тимҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ меравад.

Тими футболи зери 23 соли Тоҷикистон дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё – 2024 дар гуруҳи “ I ” ба майдон меравад.

Ҳарифони тими Тоҷикистон – Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд.

Марҳилаи интихобӣ дар гуруҳи “ I ” аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар натиҷаи қуръакашӣ 43 тим дар 11 гуруҳ тақсим шуданд.

Барандагони ин гуруҳ ва ҳамчунин чаҳор тими бартар рутбаи дувуми муҷаввизи ҳузур дар финали Ҷоми миллатҳои Осиё – 2024-ро ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, касб хоҳанд кард.

 

Барчасп