Июн 04, 2023 20:48 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд.

Бино ба анвиштаи сомонаи president.tj, зимни нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ дар пасманзари хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистон табодули андеша намуданд.

 Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро перомуни ҳамкории шашҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин дигар соҳаҳо иброз намуданд. Зарурати тақвияти ҳамкории давлатҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, гидроэнергетика, энергияи сабз ва рақамикунонӣ таъкид шуд.

Раисиҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳоро матраҳ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим арзи сипос намуданд.

 

Барчасп