Июн 17, 2023 10:52 Asia/Dushanbe
  • Мусовӣ шудани бозии тимҳои футболи олимпии Тоҷикистону Гонг Конг

Тими олимпии зери 23 соли Тоҷикистони дар масоф бо тими Гонг Конг ба тасовӣ ризоят дод .


Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими олимпии зери 23 соли Тоҷикистон дар чорчуби тадорукоти муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё 2024 дар дидории дӯстона бо тими Гонг Конг ба майдон рафт .
Ин дидор дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода баргузор шуд ва бо натиҷаи як бар як ба поён расид.
Шуҳрат Алимуродов дар дақиқаи 67 ба дарвозаи Гонг Конг гол зад .
Барои тими миллии Гонг Конг низ дар дақоиқи изофӣ Слейтер Мэтью Люк муваффақ ба голзанӣ шуд .






 

 

Барчасп