Июн 27, 2023 11:38 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон:ин тавсеаи пойдор натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва хизмати вафодоронаи мардуми қаҳрамони Тоҷикистон аст
    Раҳмон:ин тавсеаи пойдор натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва хизмати вафодоронаи мардуми қаҳрамони Тоҷикистон аст

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бар асоси нишондодҳои омории солҳои ахир гуфт: Тоҷикистон вориди марҳилаи тавсеаи пойдор шудааст ва саноъат, кишоварзӣ, илму омӯзиш, фарҳанг ва беҳдошт, роҳсозӣ ва иртиботот ва соири саноеъу бахшҳои кишвар ба таври пайваста дар ҳоли тавсеа ҳастанд.

Ба гузориши Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрики худ ба муносибати 27 июн " рӯзи Ваҳдати миллӣ " зимни баёни ин нукта таъкид кард, ки ин тавсеаи пойдор натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва хизмати вафодоронаву меҳанпарастонаи мардуми қаҳрамони Тоҷикистон ва албатта мояи ифтихори ин кишвар аст .
Раҳмон гуфт : Сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ ба унвони авомили ваҳдатбахши мардуми Тоҷикистон имкони истифода аз арзишҳои пазируфташудаи ҷомеъаи ҷаҳониро барои заминасозӣ ва ташкили ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон ва беҳбуд бахшидан ба он фароҳам кард.
Ҳарсола рӯзи 27 июн, Тоҷикистони рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад.
Ҷаласоту конфаронсҳо, консерт, мусобиқоти варзишӣ ва намоишгоҳҳои ғизо дар саросари кишвар ба муносибати ин рӯз баргузор мешавад.

Бештар бихонед :

 

Барчасп