Июн 27, 2023 11:59 Asia/Dushanbe

Ҷашни " Ваҳдати миллӣ ", ки аз фарҳангу хиради куҳани мардуми тоҷик нашъат гирифта аст, имрӯз намоди ваҳдату иттиҳоди ҳамаи сокинони кишвар ва якпорчагии Тоҷикистон аст.

Ин матлаб дар нишасте ки ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шудааст, баён шуд.
Ба гузориши Ховар, дар ин ҷаласа бар тақвияти дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ба вижа эҷоди пояҳои пойдори давлати миллӣ, тазмини амният ва суботи сиёсӣ ва иҷрои муваффақиятомези роҳбурдҳои кишвар таъкид шуд.
Ҳарсола 27 июн дар Тоҷикистон рӯзи " Ваҳдати миллӣ " ҷашн гирифта мешавад.
27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав,раиси ҷумҳӯр ва раҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик тавофуқномаи сулҳро ба имзо расонданд
, ки мунҷар ба хотимаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шуд, ки аз соли 1992 то 1997 идома ва ҳудӯди 150 ҳазор кушта ва як милюн овораро ба дунбол дошт.

Бештар бихонед :

 

Барчасп