Дидори вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муносиботи байналмилалии Порлумони Аврупо
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар чорчӯби сафари худ ба Люксембург бо Дэвид Мак Аллистер-раиси Кумитаи муносиботи байналмилалии Порлумони Аврупо дидор ва бо вай масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Порлумони Аврупо, мавзӯъоти марбӯт ба тавсеаи бештари равобити байнипорлумонӣ ва дастури кори таъомули дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар чорчӯби ин сафар бо вазири хориҷаи Шветсия низ дидор ва бо вай бахши васеъе аз масоил аз ҷумла заминаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Шветсия, тағироти иқлим, обу энержӣ, ҳамкорӣ дар чорчӯби Иттиҳодияи Аврупо ва соири мавзӯъоти мутақобили сӯдманд мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .
Шоёни зикр аст, ки ахиран даҳумин даври иҷлоси Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд .
Дар ҷараёни ин иҷлос дар мавриди масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқа табодули назар сурат гирифт . Вазъияти кунунӣ ва дурнамои тавсеаи равобити байни ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ,тиҷорӣ, иқтисодӣ, обу энержӣ,амният, мубориза бо тероризм, ифротгароӣ, ҳуқуқи башар ва ҳамкории минтақаӣ матраҳ ва мавзӯъоти муҳими байналмилалӣ ва минтақаӣ баррасӣ шуданд .
Бештар бихонед :