Тимҳои миллии Тоҷикистон ва Сингапур дар дидори дӯстона ба масофи ҳам хоҳанд рафт
(last modified 2023-07-13T07:10:24+00:00 )
Июл 13, 2023 12:10 Asia/Dushanbe
  • Тимҳои миллии Тоҷикистон ва Сингапур дар дидори дӯстона ба масофи ҳам хоҳанд рафт
    Тимҳои миллии Тоҷикистон ва Сингапур дар дидори дӯстона ба масофи ҳам хоҳанд рафт

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Сингапур барои баргузории дидори дӯстона байни тимҳои миллии футболи дукишвар дар моҳи сентябр ба тавофуқ расидаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, дидори дӯстонаи тимҳои миллии Сингапур ва  Тоҷикистон дар таърихи 8-уми сентябр дар Сингапур баргузор мешавад ва аз соати 19:30 ба вақти маҳалӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Пеш аз ин Тоҷикистон ва Сингапур се бор дар сатҳи тимҳои милли бо ҳам бозӣ карданд, ки ҳар ду тим як бори пирӯз шудаанд. Як бозии дигар ҳам бо тасовии 1:1 ба поён расида буд.

Барчасп