Июл 22, 2023 19:39 Asia/Dushanbe
  • Сафари тими футсоли Афғонистон ба Тоҷикистон
    Сафари тими футсоли Афғонистон ба Тоҷикистон

Тими миллии футсоли Афғонистон барои ширкат дар нахустин давраи рақобатҳои қаҳрамонии КАФА роҳи Тоҷикистон шуд.

Федератсияи футболи Афғонистон эълом кард тими миллии футсоли ин кишвар пас аз поёни давраи тамрини дар Эрон имруз шанбе барои ширкат дар нахустин давраи рақобатҳои қаҳрамонии футсоли Осиёи Марказӣ роҳи Тоҷикистон шуда аст.

Нахустин мусобиқаи тими миллии футсоли Афғонистон рузи якшанбе фардо баробари Қирғизистон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар рақобатҳои футсоли КАФА тимҳои Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Узабкистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳузур доранд.

Ин рақобатҳо дар ду гуруҳи се тими баргузор мешавад ки дар гуруҳи А тимҳои Тайланд, Миянмар ва ҷазираҳои Сулаймон бо ҳам рақобат мекунанд ва дар гуруҳи В тимҳои Афғонистон, Ҷумҳурии Чехя ва Мозамбик ба масофи ҳам мераванд.

Барчасп