Густариши ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисоти омӯзиши олии Ҷопон
Мудирони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисоти омӯзиши олии Ҷопон ба манзури табодули таҷриба ва тавсеаи ҳирфаии коркунон ҳамкорӣ мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қобилҷон Хушвақтов-раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо намояндагони Ожонси ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷопон дар Душанбе дидору гуфтугу кард.
Ду тараф таи ин дидор бо ишора ба сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни Тоҷикистону Ҷопон дар хусӯси баргузории мушовараҳои илмӣ, таъомули байни устодон ва донишҷӯён дар заминаи тавсеаи ҳирфаӣ баҳсу табодули назар карданд.
Дар бахши дигар дар мавриди ҳамкорӣ бо Ожонси ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷопон дар Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишӣ бо муассисоти омӯзиши олии ин кишвар назароти муфиде баён шуд.
Зимнан таъкид шуд, ки қарор аст раёсати Ожонси ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷопон ба Тоҷикистони сафар ва бо ҳайати донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидор кунад.