21 куштаву захмӣ дар ҳодисаи ронандагии ҷануби Тоҷикистон
Дар як садамаи ронандагӣ дар вурӯдии шаҳри Кулоб, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон 10 тан кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати дохилаи Тоҷикистон дар ин робита эълом кард : Дар ин ҳодиса як мошини боркаши ширкати « Кафолати воридоту содирот », ки тормозаш аз кор афтода буд бо чанд худрав ва хона бархурд кардааст.
Бар асоси гузоришҳо ронандаи 37 солаи мошини боркаш, шаш ронандаи худравҳои дигар ва се зан дар ин тасодуф ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин вазъияти панҷ нафар аз захмиҳо вахим гузориш шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳам гуфтааст, ки хонаводаҳои қурбониён аз давлат « кумаки молӣ » дарёфт хоҳанд кард.
Бар асоси иттилооти расмӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷории милодӣ ( 2023 ) дар ҷодаҳои Тоҷикистон 161 тасодуф рух додааст. Ахиран Вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон эълом кардааст ки дар ин тасодуфҳо 101 нафар ҷон бохта ва 171 тани дигар захмӣ шудаанд.