Август 10, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи хонаҳои тиҷорати Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон, Туркия ва Арабистон

Тоҷикистон қасд дорад бо ифтитоҳи хонаҳои тиҷорат дар Русия, Қазоқистон, Туркия ва Арабистони саъӯдӣ фурсатҳои содиротии худро густариш диҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бинобар суханони Баҳриддин Сироҷиддинзода- мудӣри Ожонси содироти Тоҷикистон умӯри ифтитоҳи ду хонаи тиҷорат дар Русия, дар Санкт- Петербург ва Маскав ва ҳамчунин дар Арабистони саъудӣ, Қазоқистону Туркия дар ҳоли анҷом аст .
Вай ҳамчунин гуфт, ки дар хонаҳои тиҷорат боздидкунандагон метавонанд бо намӯнаҳое аз маҳсӯлоти тавлидии ширкатҳои тоҷикӣ ошно шаванду иттилооти лозим барои тамос бо тавлидкунандагон ва сабти суфоришро дарёфт кунанд.
Илова бар ин Тоҷикистон дар ҳоли гуфтугу дар мавриди имкони ифтитоҳи хонаи тиҷории худ дар Беларус аст. Мумкин аст аввалин хонаи тиҷорат дар Минск тибқи модели мушорикати давлатӣ ва хусӯсӣ ифтитоҳ шавад.
 

 

Барчасп