Сентябр 03, 2023 10:11 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи вазири хориҷаи Тоҷикистон бо вазирони хориҷаи Туркманистон ва Узбакистон
    Гуфтугуи вазири хориҷаи Тоҷикистон бо вазирони хориҷаи Туркманистон ва Узбакистон

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар тамоси телефони бо ҳамтоёни туркманистонӣ ва узбакистонии худ дар бораи нишасти машваратии ояндаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе гуфтугу карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар тамоси Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рашид Муродов вазири хориҷаи Туркманистон ва Бахтиёр Саъидов вазири хориҷаи Узбакистон дар бораи барномаи сафарҳои ояндаи мақомоти олии ин ду кишвар ба Душанбе ройзани шуд.

Вазирони хориҷаи се кишвар ҳамчунин дар бораи дастуроти кори нишасти шурои сарони кишварҳои муассисаи сандуқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал ки 14 то 15 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад табодули назар карданд.

Дар ин гуфтугуҳо вазъияти кунуни ва чашмандози густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ барраси шуд.

Барчасп