Истифода аз таҷрибаҳои Эрон барои кантроли гарду ғубор дар Тоҷикистон
Муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора бар тафоҳумномаҳои мавҷӯд бо Эрон дар хусӯси муроқибат аз ҳаёти ваҳшу ҳайвонот изҳор кард, мо бояд аз таҷрибаҳои Эрон барои муқобила бо гарду ғубор истифода кунем.
Қиёмзода Зарафо изҳор кард, иҷлоси байналмилалии муқобила бо гарду ғубор, ки дар Теҳрон баргузор шуд, сатҳи болое дошт ва аз он бардошти хубе доштем. Дар натиҷаи ин иҷлос мо низ тасмими гирифтем то иқдомотеро, ки кишварҳои дигар доштанд, аммо ҳануз дар Тоҷикистон анҷом нашудааст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастури кор қарор диҳем.
Муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чигунагии ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон дар хусӯси муқобила бо гарду ғубор изҳор кард, тафоҳумномае миёни Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳифозат аз ҳайвоноту ҳаёти ваҳш вуҷӯд дорад бинобар ин бояд аз таҷрибаҳои Эрон барои кантроли гарду ғубор низ истифода кунем.