Сентябр 23, 2023 12:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти вазоратхонаҳои кишоварзии Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ

Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ ҳамкориҳо дар заминаи кишоварзиро тавсеа медиҳанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Ким Чонг Сон, мудири равобити байналмилали муассисаи иқтисоди рӯстоии Кореяи ҷанубӣ дидор ва дар мавриди масоили тавсеаи фурсатҳои кишоварзии ду кишвар гуфтугӯ карданд.
Дар ин дидор дар хусӯси густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи кишоварзии байни Тоҷикистону Корея ибрози назар шуд.
Ҳамзамон дар ростои иҷрои тарҳи таҳқиқотии муштараки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо муассисаи иқтисоди рӯстоии Кореяи ҷанубӣ мавзӯи фароварии маҳсӯлоти кишоварзӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
 

 

Барчасп