Мушкили молӣ далели аслии эъзом нашудани шатранҷбозони тоҷик ба бозиҳои осиёии Ханчжоу
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i107654
Ҳеҷ як аз шатранҷбозони Тоҷикистон ба бозиҳои осиёии Ханчжоу эъзом нашуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 29, 2023 21:05 Asia/Dushanbe
  • Мушкили молӣ далели аслии эъзом нашудани шатранҷбозони тоҷик ба бозиҳои осиёии Ханчжоу

Ҳеҷ як аз шатранҷбозони Тоҷикистон ба бозиҳои осиёии Ханчжоу эъзом нашуданд.

Ба гузориши “Спутник”, Илҳом Юнусов, раиси Федератсияи шатранҷи Тоҷикистон гуфт, тим ба далели шароити молӣ натавонист ба мусобиқот биравад.

Вай гуфт: Албатта, бозиҳои осиёӣ мусобиқоти бузурге аст, аммо мо ба далоили молӣ нарафтему мутаасифона тавони молии ҳузур дар ҳамаи мусобиқотро надорем.

Раиси Федератсияи шатранҷи Тоҷикистон таъкид кард, ба далели надоштани ҳомии молӣ, ин тим бозиҳои осиёиро аз даст дод.

Илҳом Юнусов хотирнишон кард, албатта шатранҷбозони Тоҷикистон дар мусобиқоти дигаре ширкат хоҳанд кард. Илова бар ин, раиси Федератсияи  шатранҷ муддаӣ аст, ки то поёни соли 2023 марокизи ҷадиди шатранҷ дар манотиқи мухталиф ва ҳам дар душанбе ифтитоҳ мешавад.