Дидору гуфтугуи ҳаӣати Бонки Рушди Осиё бо нахуствазири Тоҷикистон
(last modified Sun, 22 Oct 2023 06:54:50 GMT )
Октябр 22, 2023 11:54 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугуи ҳаӣати Бонки Рушди Осиё бо нахуствазири Тоҷикистон
    Дидору гуфтугуи ҳаӣати Бонки Рушди Осиё бо нахуствазири Тоҷикистон

Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Рушди Осиё дар мавриди иҷрои тарҳҳо дар заминаҳои энергетика, омузиш, беҳдошт ва кишоварзӣ гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дар ин дидор хотирнишон шуд ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё заминаҳои мухталифи иқтисоди миллиро дар бар мегирад.

Иҷрои тарҳҳо дар заминаҳои энергетика, омузиш, беҳдошт, кишоварзӣ, обёрӣ ва дигар заминаҳо дар чорчуби тақвияти равобити дуҷониба идома дорад.

Дар ин дидори тарафайн ба тавсеаи ҳамкориҳо ишора карданд ва тақвияти равобит дар ростои тавлид энержии сабзро зарури донистанд.