Оғози ҷашнвораи " Ин ватанро сохтан осон набуд " дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i108528-Оғози_ҷашнвораи_Ин_ватанро_сохтан_осон_набуд_дар_Душанбе
Ҷашнвораи шеъри Бузургмеҳри Баҳодур , рӯзноманигор ва шоири тоҷик бо унвони «Ин ватанро сохтан осон набуд» дар Душанбе оғоз ба кор кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 28, 2023 11:53 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҷашнвораи

Ҷашнвораи шеъри Бузургмеҳри Баҳодур , рӯзноманигор ва шоири тоҷик бо унвони «Ин ватанро сохтан осон набуд» дар Душанбе оғоз ба кор кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҷашнвора ҳамакнун дар толори Хонаи нависандагон ба номи Мирзо Турсунзода аз тарафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳоли баргузорӣ аст ва чеҳраҳои шинохташудаи адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар он ширкат мекунанд.

 Қарор аст овозхонон ва ҳунармандони саршинос Тоҷикистон дар ин ҷашнвора ҳузур дошта бошанд.

 Гуфтнӣ аст Бузургмеҳри Баҳодур аз аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.