Дастаи футболи «Панҷшер» қаҳрамони Лигаи якуми футболи Тоҷикистон шуд
Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пеш аз анҷоми бозиҳои даври охирин ғолиби мусобиқоти Лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид.
Ба гузориши сомонаи «Ховар», дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар даври 24-уми мусобиқот дар меҳмонӣ дастаи «Душанбе»-ро бо ҳисоби калони 5:0 шикаст дод, бо касби 53 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот пешсафи ягона шуда, новобаста аз натиҷаи бозиҳои даври охирин мақоми аввалро соҳиб шуд.
Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки дар бозии даври гузашта дар майдони худ дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохт, бо 49 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Ба ин тартиб, дастаҳои «Панҷшер» ва «Истаравшан», ки дар мусобиқоти имсолаи Лигаи аввал мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шуданд, бар асоси дастури мусобиқот соли оянда дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ менамоянд.
Футболбозони «Панҷшер» бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тиллои мусобиқот сарфароз гардонида мешаванд. Ба дастаи футболи «Истаравшан» медалҳои нуқра супурда мешавад.
Барои медалҳои биринҷӣ ду даста – «Ҳулбук»-и Восеъ ва «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот бо 44-имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои сеюму чаҳорумро ишғол намудаанд, талош доранд. Дар даври охирини мусобиқот ҳарду даста бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Бозии ҳалкунанда якшанбеи 12 ноябр дар майдони дастаи «Барқчӣ» барпо мегардад.
Дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистон, ки ҳамаи бозиҳояшро бохт ва бе имтиёз зинаи охиринро гирифт, Лигаи аввалро тарк менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқоти имсолаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки бо иштироки 12 даста доир гардид, 12 ноябр ба поён мерасад.