Раисӣ: Иштирокоти зиёди торихиву тамаддунӣ миёни Эрону Тоҷикистон заминаи муносибе барои густариши равобити фимобайн аст
(last modified 2023-11-08T14:34:01+00:00 )
Ноябр 08, 2023 19:34 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳадафгузорӣ барои афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, дар қадами аввал то сатҳи 500 миллион долларро комилан имконпазир донисту гуфт, бо тавваҷуҳ ба заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ дар бахши нафт, газ, об, судури хадамоти фанниву муҳандисӣ ва дорусозӣ, дастёбӣ ба ин ҳадаф дар дастрас аст.

Ба гузориши “Форс”, оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ баъд аз зуҳри имрӯз - чаҳоршанбе дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон, дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар, иштирокоти мутааддиду савобиқи деринаи торихӣ, динӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ миёни Эрону Тоҷикистонро заминаи муносибе барои густариши равобит дар ҳамаи абъод донисту гуфт: Дар ду соли гузашта қадамҳои хубе барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар бардошта шуда, аммо ҳанӯз то расидан ба нуқтаи матлуб фосилаи зиёде вуҷуд дорад.

Раисӣ ҳадафгузорӣ барои афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар қадами аввал то сатҳи 500 миллион долларро комилан имконпазир донисту афзуд: Бо тавваҷуҳ ба заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ дар бахши нафт, газ, об, судури хадамоти фаннӣ – муҳандисӣ ва дорӯсозӣ, дастёбӣ ба ин ҳадаф дар дастрас аст.

Раисиҷумҳури Эрон нигоҳи ду кишвар ба масоили ҷаҳонро дорои иштирокоти фаровон баршумурду гуфт, яке аз масоили муҳими имрӯз зулму ҷиноёти бесобиқа алайҳи мардуми мазлуму муқтадири Фаластин дар Ғазза аст, ки дар ин замина мо ба унвони ду кишвари мусулмон муваззаф ба талош барои хотима додан ба ин зулми торихӣ ҳастем.

Сайид Иброҳими Раисӣ кумак ба барқарории амнияти комил дар Афғонистон ва мубориза бо падидаҳои мухаррибе ҳамчун терроризм, маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфтаро аз дигар заминаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар донист.

Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавсеаи ҳамаҷонибаи равобити ду кишвар, ба хусус дар бахши маъдан, саломат, кишоварзӣ, таъсиси ширкатҳои фанновариву санотӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, иктишофу истихроҷи нафту газ ва ҳамкориҳои фарҳангиву илму фанновариро зарурӣ донист.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идома вазъияти кунунии Фаластин ва куштори ҳазорон инсон, ба вижа занону кӯдакони мазлум ва бегуноҳи Ғаззаро ба шиддат маҳкум ва бар зарурати талош барои барқарории оташбаси фарогир дар Ғазза таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба дидгоҳҳои наздику муштараки ду кишвар дар масоили мухталифи байналмилалӣ хотирнишон кард, бояд барои баҳрагирӣ аз ин зарфиятҳо ва ҳамчунин фурсати узвияти муштараки ду кишвар дар созмонҳои муҳими минтақаиву байналмилалӣ бештар талош кунем.

 

Барчасп