Амали ҷарроҳии ной дар Тоҷикистон барои аввалин бор
Барои аввалин бор дар Тоҷикистон ҷарроҳии печидаи ной(трахея) анҷом шуд.
Ин амал барои як духтари 10 сола, ки ба саратони ной мубтало шуда буд, ҳаётӣ буд
Хотирнишон мешавад вазъияти саломатии духтари амалшуда мусоид аст ва ӯ ҳам акнун тархис шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷовиди Ҷамшед-пизишки муолиҷи ин бемор гуфт, ки то кунун дар Тоҷикистон фақат амалҳои муваққатӣ анҷом мешуд, яъне як лӯла барои таҳвияи шушҳо қарор мегирифт ва асосан ҳеҷ фурсате барои дармони комил боқӣ намемонад.
Вай таъкид кард: Ной байни ҳанҷара ва бронхити аслӣ қарор дорад ва аз тариқи он ҳаво вориди шуш мешавад, ки дар натиҷа дар сурати вуҷуди варам дар дохил, беморон наметавонанд нафас бикашанд. Ин ҷарроҳ хотирнишон кард: Бинобарин афроди мубтало ба саратони ной дар Тоҷикистон умри зиёде надоштанд, аммо акнун пизишкони тоҷик метавонанд ҷони онҳоро наҷот диҳанд.