Ноябр 21, 2023 12:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози маъракаи эминсозии дастаҷамъии кӯдакон алайҳи  газаки шуш (пневмония) дар Тоҷикистон

Маъракаи эминсозии дастаҷамъӣ алайҳи газаки шуш (пневмония) дар миёни кӯдакон дар Тоҷикистон оғоз шудааст.

Аз 20 то 30 ноябр маъракаи ваксинасия алайҳи бемории газаки шуш барои кӯдакони яку ним то 5 сола оғоз шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, дар чорчуби ин тарҳ беш аз 838 ҳазор кӯдак дар 65 шаҳру деҳа , аз ҷумла Душанбе ваксина хоҳанд шуд.

 Ҳадаф аз баргузории ин тарҳ ҳифзи эминии кӯдакон дар баробари уфунати шушу ва афзоиши огоҳии умумӣ аз аҳамияти эминсозӣ дар пешгирӣ аз бемориҳои уфунӣ аст.

 

Барчасп