Тоҷикистон воридоти худравҳои барқиро афзоиш медиҳад
Тоҷикистон қасд дорад воридоти худравҳои барқиро то 20 ҳазор адад афзоиш диҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали сол 2023 беш аз 1 300 василаи нақлияи барқӣ харидорӣ кардааст ва дар оянда мақомоти ин кишвар қасд доранд ин теъдодро ба 20 ҳазор адад ба тартиб 1000 худрави сабук, 4 ҳазор автобус ва минибус, 9 ҳазор мошини боркаши барқӣ ва 2 ҳазор борбардори барқӣ бирасонад. Гуфтанӣ аст дар соли 2022 воридоти худрави барқӣ 767 адад будааст.
Пеш аз ин яке аз намояндагони Вазорати саноъати Тоҷикистон гуфта буд , ки дар солҳои оянда қасд доранд саҳми воридоти худравҳои барқиро ба 20 то 30 дарсад аз кулли воридот афзоиш диҳанд. Чунин иқдомоте дар чорчуби проект "Барномаи тавсеаи ҳамлу нақли электронӣ 2023-2027" барномарезӣ шудааст.
Дар айни ҳол Тоҷикистон барои воридкунандагони худравҳои барқӣ маофият аз боҷи гумрукиро фароҳам кард.