Ноябр 22, 2023 12:03 Asia/Dushanbe
  • Муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ: Пирӯзии тими миллии футболи Тоҷикистон баробари Покистон

Тими миллии футболи Тоҷикистон тими миллии футболи Покистонро шикаст дод.

Тими миллии Тоҷикистон дар сеюмин дидори худ дар таърихи дидорҳои мустақим бо Покистон ба пирӯзӣ расид.

Бозӣ имрӯз, 21-уми ноябр, дар варзишгоҳи “Ҷадда”-и Исломобод, пойтахти Покистон баргузор шуд ва бо натиҷаи 6 бар 1 ба поён расид.

Голҳои тими миллии Тоҷикистонро Амадонӣ Камолов дар дақиқаҳои 9 ва 65, Рустам Соиров дар дақиқаи 14, Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 26, Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 45 ва Шаҳром Самиев дар дақиқаи 90+1 ба самар расониданд.

Ягона голи тими миллии Покистонро Рахис Набӣ дар дақиқаи 21 ба самар расонид.

Ба ин тартиб, тими миллии Тоҷикистон бо касби 4 хол садрнишини гуруҳи “G” шуд. Аммо дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Урдун, ки низ ба ин гуруҳ шомиланд, бозии худро баргузор накардаанд.

Тоҷикистон дар ду дидори қаблӣ дар солҳои 2006 ва 2014 муқобили Покистон бо натоиҷи 2 бар сифр ва 1 бар сифр пирӯз шуд.

 

Барчасп